Рӯҳонӣ: Тарафҳои БАРҶОМ барои ҳифзи ин тавофуқ, сареъ амал кунанд
Август 27, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури исломии Эрон дар тамоси телефонии раисҷумҳури Фаронса гуфт: Соири тарафҳои ин тавофуқ бояд ба барномаҳои худ барои ҳифзи БАРҶОМ, суръат ва шаффофияти бештаре диҳанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар тамоси телефонии Эмануел Макрон гуфт: Баъди хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, соири тарафҳо барои ҳифзи ин тавофуқ, бори сангине бар душ доранд.
Раисҷумҳури Фаронса низ дар ин тамоси телефонӣ бо баёни инки Париж хоҳони тавсеа ва таъмиқи равобити худ бо Теҳрон аст, гуфт: Фаронса ҳамаи талоши худро барои ҳифзи БАРҶОМ бакор мегирад ва ба ин тавофуқ мутааҳҳид аст ва ба масъулиятҳояш амал хоҳад кард.
Барчасп