Август 28, 2018 09:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлоно дар Эрон

Чаҳорумин Ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлоно дар Боргоҳи Шамси Табрезӣ дар Хӯй, шимолу ғарби Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, ҷамъе аз аҳли фарҳангу адаб, мавлонопажуҳон, сафирону кордорони чанд кишвари хориҷӣ дар маҳалли оромгоҳи Шамси Табрезӣ шомгоҳи душанбе дар Хӯй оғоз шуд.

Сайидаббоси Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар оини ифтитоҳи Ҳамоиши байналамилалии Шамс ва Мавлоно Шамси Табрезиро дафтари беоғозу бепоён хонда афзуд, иттилооти каме аз ин шахсияти ирфонӣ дар даст аст ва ду соли зиндагии ӯ бо Мавлавӣ ба унвони даврони таърихсоз ва инсонсоз муаррифи ин чеҳраи олами ирфон аст.

Бар асоси ин гузориш, 11 мақолаи бартар аз миёни 100 мақолаи ирсолӣ ба дабирхонаи илмии ин ҳамоиш барои ироа интихоб шуд, ки дар тӯли ду рӯзи баргузории он (28-29 август) ироа мешаванд.

Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ, бинобар ишораҳои таърихӣ, ба эҳтимоли зиёд дар соли 582-и ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омад ва мулаққаб ба Шайхи Паррон ва Зардӯз буд. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, машҳур ба Мавлавӣ низ шоири бузурги форсисарои қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ аст, ки соли 604 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх зода шуда, дар соли 672 ҳиҷрии қамарӣ дар Қуния вафот кард.