Гуфтугӯи Рӯҳонӣ ва Макрон - соярӯшанҳои пойбандӣ ба БарҶом
(last modified 2018-08-28T08:24:27+00:00 )
Август 28, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Рӯҳонӣ ва Макрон - соярӯшанҳои пойбандӣ ба БарҶом

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳурии Фаронса гуфт, бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом, дигар тарафҳои ин тавофуқ бояд ба барномаҳои худ барои ҳифзи БарҶом суръат ва шаффофияти бештаре диҳанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дигар тарафҳо барои ҳифзи ин тавофуқ бори сангине бар дӯш доранд, афзуд: Эрон хоҳони ҳифзи БарҶом аст, аммо дар айни ҳол агар дар заминаи тазмини каналҳои молӣ ва пулӣ, нафт, бима ва ҳамлу нақл, ояндаи барномаи амалии Аврупо равшан набошад, Теҳрон иқдомоти дигареро анҷом хоҳад дод".

Раиси ҷумҳурии Фаронса низ дар ин тамоси телефонӣ бо ташреҳи иқдомоти Фаронса ва дигар тарафҳои БарҶом барои ҳифзи ин тавофуқ изҳор кард, Фаронса талоши фишурдаеро барои ҳифзи БарҶом анҷом дода ва дар ҳоли пайгирии механизмҳои мухталифи тиҷорӣ ва молӣ дар ин замина аст.

Дар бетааҳҳудии тарафи ғарбӣ, ба хусус Амрико тардиде нест, аммо ин ба он маъно нест, ки таъхири сойири тарафи муқобилро тавҷеҳ кард. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин нукта аст, ки раиси ҷумҳурии Эрон изҳор дошт, дигар тарафҳо барои ҳифзи ин тавофуқ, бори сангине бар дӯш доранд.

Акнун раванди иҷрои ним банди БарҶом баёнгари вуҷуди халоҳои сегонаи ҳуқуқӣ, иҷроӣ ва геополотикӣ дар ин тавофуқ аст. Бо ин вазъият Эрон барои дифоъ аз манофеи матлуби миллӣ ва байналмилалии худ дар мавзӯи БарҶом бар рӯйкардҳои мунсаҷимтаре дар гуфтумон бо дигар тарафҳо таъкид дорад. Бинобарин, гуфтумони ҷадид дар фурсати андаки боқимонда бояд шаффоф ва ошкор бошад.

Эъломи куллии Аврупо дар бораи зарурият ва тааҳҳуд ба БарҶом қаблан гуфта шуда, аммо ин ки ин гуфтор табдил ба як барномаи мушаххас ва тарҳи замонбандӣ ва иҷроӣ шавад, бояд ба сурати муфассал ва шарҳубастшуда ироа шавад.

Сабоҳи Зангана, коршиноси масоили байналмилал дар бораи бастаи тазминии Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ҳифзи БарҶом мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар бораи ироаи бастаи тазминии худ таъхир мекунад ва онҳо аз ҳамон ибтидои хуруҷи Амрико аз БарҶом ҳеҷ замонбандии мушаххасе барои ироаи бастаи худ мушаххас накардаанд.

Зангана изҳор дошт, аврупоиҳо бояд даст аз таъхир бардоранд ва аз ҳолати соярӯшан дар қиболи Эрон ва БарҶом хориҷ шаванд, дар ғайри ин сурат Эрон худ иқдоми ниҳоиро анҷом медиҳад.

Ҳароси ширкатҳои байналмилалӣ аз муомила бо Эрон ба далели таҳримҳои Амрико, ҳатто баъд аз БарҶом эҳсос мешуд, то ҷое ки ҳатто муштоқтарин сармоягузорони хориҷӣ дар Эрон оҳиста гом бардоштанд. Масъалаи онҳо дар шароити феълӣ низ мувоҷеҳа бо таҳдидҳои ошкори Амрико бар хилофи тааҳҳуди равшан дар БарҶом аст. Аммо бояд гуфт, Аврупо ва соири тарафҳои БарҶом кишварҳои мустақиле ҳастанд, ки бояд бар асоси манофеи ду тараф ва дар чорчӯби тааҳҳудоти байналмилалӣ рафтор кунанд.

Дигар тарафҳои БарҶом дар мавзеъгириҳои сиёсӣ мунтақиди нақзи БарҶом аз сӯйи Амрико ҳастанд, аммо дар арсаи таомулоти иқтисодӣ аз таҳримҳои зиддиэронӣ таъсир пазируфтаанд, ки намунааш хуруҷи ширкатҳое монанди “Тотал” -  и Фаронса ва ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ аз Эрон аст. Бисёре аз коршиносон ва фаъолини иқтисодӣ ҳамкорӣ накардани бонкҳои хориҷӣ бо Эронро яке аз заъфҳои аслӣ дар ҳифзи БарҶом бидуни Амрико медонанд.

Изҳороти раисҷумҳури Эрон дар интиқод аз таъхири дигар тарафҳои БарҶом дар амал ба тааҳҳудоти байналмилалӣ дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.