Август 29, 2018 18:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳеҷ музокирае бо Амрико нахоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳеҷ сатҳе бо Амрико музокира нахоҳад кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори раисҷумҳур ва аъзои ҳайъати давлати Эрон гуфтанд: “Бо масъулони вақеҳ ва ҳаттоки феълии Амрико, ки шамшерро барои эрониҳо аз рӯ бастаанд, дар ҳеҷ сатҳе музокира сурат нахоҳад гирифт”.  

Эшон музокира бо Эронро ниёзи ҳамаи давлатҳои амрикоӣ хонданд ва хотирнишон карданд: “Онҳо мехоҳанд, манёвр диҳанд, ки мо ҳатто ҷумҳурии исломии Эронро ба пои мизи музокира овардем, пас ҳамонгуна, ки қаблан ба таври машруҳ ва мустадал баён кардаам, ҳеҷ музокирае бо онҳо анҷом нахоҳад шуд”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар иртиботи хуб ва рӯзафзуни Эрон бо ҳамсоягон таъкид карданд ва дар бораи равобити Эрон бо кишварҳои аврупоӣ низ гуфтанд: Иртибот ва идомаи музокира бо Аврупо эрод надорад, аммо бояд бо нигоҳи шаколуд ба ваъдаҳои онҳо, аз раванди масоил муроқибати ҷиддӣ кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ БАРҶОМ ё тавофуқи ҳастаиро василае барои ҳифзи манофеи миллии Эрон хонданд ва афзуданд: БАРҶОМ ҳадаф нест, балки василаест ва табъан агар ба натиҷа бирасем, ки бо ин васила, ҳифзи манофеи миллӣ имконпазир нест, онро канор мегузорем.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, аврупоиҳо бояд аз баён ва амали масъулони давлати Эрон бифаҳманд, ки иқдомоти онҳо тадбирҳо ва вокунишҳои мутаносиби ҷумҳурии исломии Эронро ба дунбол хоҳад дошт.