Иди саиди Ғадири Хум муборак бод!
(last modified Wed, 29 Aug 2018 16:23:19 GMT )
Август 29, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Иди саиди Ғадири Хум муборак бод!

Панҷшанбе 18 зилҳаҷҷаи соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 30 августи 2018 рӯзи иди саиди Ғадири Хум аст.

Ғадири Хум, номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки паёмбари гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар охирин ҳаҷҷи худ маъруф ба ҳаҷалвидоъ, ҳазрати имом Алӣ (а)-ро валии пас аз худ эълом карданд.

Паёмбари гиромии Ислом (с) дар хитобаи муҳимми Ғадири Хум фармуданд: "Ҳар онкас, ки ман мавлои ӯ ҳастам, Алӣ мавлои ӯст".

Мардуми муъмин ва Худоҷуйи Эрони исломӣ дар рӯзи иди саиди Ғадири Хум илова бар ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ ва баргузории ҷашнҳои мухталиф, ба дидори содот мераванд.

Сайт ва радиои тоҷикии садои Хуросон фаро расидани иди саиди Ғадири Хумро ба ҳамаи‎ дӯстдорони хондони паёмбари акрам (с) табрик мегӯяд.