Рӯйдоди ҷолиб барои форсизабонон дар Бозиҳои осиёӣ- 2018
(last modified Wed, 29 Aug 2018 16:27:16 GMT )
Август 29, 2018 21:27 Asia/Dushanbe

Дар иттифоқе ҷолиб дар мусобиқоти гуштии кураши Бозиҳои осиёии 2018-и Индонезия дар вазни -81 килограмм, се мақоми нахуст ба форсизабонон расид.

Рӯзи чаҳоршанбе 29 август, дар ёздаҳумин рӯзи Бозиҳои осиёии 2018-и Индонезия дар гуштии кураш ва дар вазни -81 килограмм Илёси Алиакбарӣ дар дидори ниҳоӣ баробари Беҳрӯз Хоҷазода аз Тоҷикистон қарор гирифт ва қаҳрамон шуд.

Беҳрӯз Хоҷазода низ дуввум шуд ва ба медали нуқра даст ёфт.

Дар мусобиқаи раддабандӣ низ Умеди Тезтак дар баробари ҳарифи худ, Сарвар Шоҳмуродов аз Узбакистон ба пирӯзӣ, расид ва соҳиби гардановези брунз шуд.

Бино ба расми Мусобиқоти осиёӣ ба нафари чаҳорум низ як нишон брунз эҳдо шуд.

Эрон бо 18 медали тилло дар ҷойгоҳи панҷуми раддабандии Бозиҳои осиёии 2018-и Индонезия қарор дорад.

Тоҷикистон низ бо ду медали нуқра дар ҷойгоиҳ 31-ум қарор гирифтааст.