Август 30, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Пироҳани варзишкори Эрон сюжети расонаҳо шуд

Пироҳани Эҳсони Ҳаддодӣ, партобгари Эрон, ки рӯзи чаҳоршанбе медали тилло гирифт, сюжети аккосони расонаҳо дар Бозиҳои осиёии 2018-и Индонезия шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эҳсони Ҳаддодӣ муваффақ шуд дар партоби диск дар бозиҳои осиёӣ ба медали тилло даст ёбад ва корвони Эронро низ ба нуздаҳумин медали тилло бирасонад.

Ҳаддодӣ чаҳор давраи паёпай дар бозиҳои осиёӣ медали тилло гирифта ва яке аз саршиностарин варзишкорони ҳозир дар бозиҳои осиёӣ аст, аммо ин бор дар Индонезия пироҳане, ки ӯ бар тан дошт ва рӯи он навишта шуда буд, «чу Эрон набошад, тани ман мабод», таваҷҷуҳи аккосони расонаҳоро ба худ ҷалб кард.

Рӯзи пироҳани Ҳаддодӣ ҳамчунин ғазали «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғаммахӯр...»-и Ҳофиз нақш баста буд.

Эҳсони Ҳаддодӣ ҳангоми партоби диски худ бо фарёдҳои баланд, фазоро таҳти таъсир қарор дода буд ва пас аз қатъӣ шудани медали тилло низ бо садои баланд гирист, ки ҳамин сабаб шуд бори дигар мавриди таваҷҷуҳи дӯрбинҳо қарор гирад.