Таъйиди ҷосусии вазири исроилӣ барои Эрон (видео)
Август 30, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як барномаи телевизионӣ бо ишроа таъйид кард, ки бахши зиддиҷосусии ин вазоратхона, як узви кобинаи режими саҳюнистиро дар ихтиёр доштааст.
Саид Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон тавзеҳи бештаре ироа накард, аммо ҳудуди ду моҳи пеш расонаҳои режими саҳюнистӣ, аз ҷумла “Jerusalem Postт” ба нақл аз Сервиси амнияти дохилии ин режим (Шабак) аз боздошти Гонен Сегев, вазири пешини энержии ин режим ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон, хабар дода ва навишта буданд, ки ӯ муддатҳо манбаи иттилоотии Эрон будааст.