Август 31, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Мӯҳри таъйиди дигар бораи ожонс бар фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гузориши фасли тозаи худ бори дигар таъйид кард, Эрон ба тавофуқи БАРҶОМ, пойбанд буда ва ҳамчунон дар ҳоли иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии худ аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузориши фаслитоза, ки рӯзи панҷшанбе дар ихтиёри аъзои Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержи атомӣ қарор гирифт, Эрон аз чорчӯби тааҳҳудоти худ дар тавофуқи сол 2015 бо кишварҳои 5+1 хориҷ нашудааст.

Бар асоси ин гузориш, Эрон ҳамчунин дастрасиҳои мавриди дархости ожонсро фароҳам кардааст.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки дар БАРҶОМ ба унвони мақоми назорат бар ҳусни иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии тарафайн муаррифӣ шуда, токунун дар беш аз 10 гузориши худ, пойбандии комили Эронро ба ин тавофуқро таъйид кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳаштуми моҳи май бо такрори иттиҳомҳои беасос, алайҳи Эрон ва зери савол бурдани фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези ин кишвар, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми раисиҷумҳури Амрико бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БАРҶОМ рӯбарӯ шуд.