Пешӣ гирифтани забони форсӣ дар фазои веб аз забонҳои арабӣ ва чинӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37750-Пешӣ_гирифтани_забони_форсӣ_дар_фазои_веб_аз_забонҳои_арабӣ_ва_чинӣ
Эрон 38 зина дар арзёбии шохиси мушорикати электронии Созмони Милал боло рафт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Пешӣ гирифтани забони форсӣ дар фазои веб аз забонҳои арабӣ ва чинӣ

Эрон 38 зина дар арзёбии шохиси мушорикати электронии Созмони Милал боло рафт.

Ба гузориши “Спутник”, Расули Сароиён, раиси Созмони фанноварии иттилооти Эрон гуфт, давлатҳо аз тариқи таҳлили додаҳое, ки аз лаҳзаи таваллуди корбарон дар ихтиёрашон қарор мегирад, метавонанд ниёзҳои корбаронро аз қабл пешбинӣ карда ва бар асоси он иттилоот, дар мавқеи лузум нисбат ба бароварда кардан ва иттилоърасонии ниёзҳои беҳдоштӣ, дармонӣ, омӯзиш ва саргармӣ иқдом кунанд.

Муовини вазири иртиботот ҳамчунин ҳузури забони форсӣ дар вебро яке аз шохисҳои тавсеаи ҳузур дар фазои маҷозӣ донист ва изҳор кард, соли гузашта ҳудуд 1.2 дарсад аз кулли сафаҳоти веби дунё ба забони форсӣ тааллқу дошт, ки ин рақам имсол ба ду дарсад афзоиш ёфтааст. Ба тавре, ки дар ин ҳавза забони форсӣ аз забони арабӣ ва чинӣ пешӣ гирифтааст.