Сентябр 08, 2016 12:44 Asia/Dushanbe
  • Бартолон: Фаронса омодаи ҳимоят аз Эрон дар қиболи FATF аст

Раиси Маҷмаи миллии Фаронса эълом кард, Париж омодаи ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси тасмими Иттиҳодияи Байналмилалии Мубориза бо Пулшӯӣ (FATF) аст.

Ба гузориши ИРНА, Клод Бартолон, раиси Маҷмаи миллии Фаронса рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Валиюллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон дар Теҳрон бо ишора ба иқдоми ахири Иттиҳодияи Байналмилалии Мубориза бо Пулшӯӣ дар мавриди қарор додани Эрон дар феҳрасти сиёҳ гуфт, Фаронса дар садад аст, дар чорчӯби ҳимоят аз Эрон ва фишор ба Амрико иқдомотеро дар ин замина анҷом диҳад. Раиси Маҷмаи миллии Фаронса бо таъкид бар ин ки Фаронса барои иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) азми ҷиддӣ дорад, афзуд, кишвараш омодаи густариши равобити иқтисодию бонкӣ бо Эрон аст ва талафи вақтро дар ин замина ҷоиз намедонад.

Валиюллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон низ дар ин дидор аз мақомҳои сиёсӣ ва Маҷмаи Фаронса хост, дар хусуси рафъи монеаҳо ҷиҳати барқарор кардан ва такмили равобити бонкии Эрон бо бонкдорони Фаронсаву бонкҳои бузург гомҳои муассиртаре бардоранд. Сайф таъкид кард, хушбахтона, бо эҷоди фурсатҳои бешумор дар замони пасобрҷомӣ замина барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Эрону Фаронса фароҳам шуда, ки пешниёзи истифода аз ин зарфият робитаҳои бонкии муносиб барои осон кардани кор аст. Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамчунин дарҷи номи Эронро дар феҳрасти сиёҳи FATF амри сиёсӣ ва бидуни тавҷеҳ дониста афзуд, дар феҳрасти Иттиҳодияи  Байналмилалии Мубориза бо Пулшӯӣ номи Эрон дар канори Кореяи Шимолӣ оварда шуда, дарҳоле ки кишварҳое чун Нигерия ва Судон ба унвони ҳамкор шинохта шудаанд.

 

 

Барчасп