Сентябр 03, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар идомаи ҳимоят аз давлати Сурия

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, кумакҳои мусташории Эрон ба Сурия то замоне, ки давлати Димишқ бихоҳад, идома меёбад.

Баҳроми Қосимӣ дар нишасти ҳафтагӣ дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳаввулоти устони Идилб дар шимоли ғарб Сурия ва сиёсатҳои Теҳрон дар ин замина гуфт: Эрон ҳамчунон ба унвони ҳомии давлати Сурия дар он кишвар ҳузур дорад ва кумакҳои мусташориро то замоне, ки давлати Сурия бихоҳад, идома хоҳад дод.

Вай афзуд: Ҳамлаи артиши Сурия ба мавозеи террористҳои мустақар дар Идилб нигаронии ҳомиёни террористҳоро дар пай дошта ва онҳо ҳаёҳу ва таблиғоти манфӣ дар ин бора ба роҳ андохтанд, аммо бояд дар назар гирифт, ки давлати Сурия ба унвони як давлати мустақил ҳақ дорад, аз кишвари худ дар баробари террористҳо муҳофизат кунад.

 

Барчасп