Сентябр 03, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо Башор Асад дар Димишқ

Вазири хориҷаи ҷумҳурии бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия дидор ва дар хусуси масоили мухталиф гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф ва Башор Асад дар ин дидор бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ва ҳузури ширкатҳои эронӣ дар бозсозии Сурия таъкид карданд.

Дутараф ҳамчунин дар ин дидор таъкид карданд, пас аз пирӯзии муқовимат ва муқобила бо терроризм зарурӣ аст, Эрон ва Сурия дар заминаҳои мухталиф ҳамкориҳои худро тавсеа диҳанд.

Вазири хориҷаи Эрон ва раисҷумҳури Сурия ҳамчунин дар хусуси муҳимтарин масоили равобити дуҷониба ва минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Зариф пеш аз ин бо Валид Алмуаллим, вазири хориҷа дидор карда буд.

 

Барчасп