Устоди Донишгоҳи Теҳрон: Сурия се интихоб пеши рӯи худ дорад
Порс Тудей - Устоди донишгоҳ ва фаъоли сиёсии эронӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо ишора ба таҳаввулоти ахири Сурия хотирнишон кард: Се интихоб барои ояндаи Сурия вуҷӯд дорад.
Фуоди Эзадӣ, фаъоли сиёсӣ ва устоди Донишкадаи мутолиоти ҷаҳонии Донишгоҳи Теҳрон рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии “Ҳ” бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири Сурия навишт: «Се интихоб барои ояндаи Сурия вуҷӯд дорад; аввалин интихоб, табдил шудан ба Либияи дигаре ва дуввумӣ табдил шудан ба нукари ҷадиди Амрико ва режими кӯдаккуш.»
Бар асоси эъломи Эзадӣ, сеюмин интихоби Сурия, ҳимоят аз мардуми Фаластину боқӣ мондан дар меҳвари муқовимат дар сиёсати хориҷӣ ва ислоҳи заъфҳои гузашта дар сиёсати дохилӣ аст.
Эзадӣ дар идома навишт, мардуми Сурия ва мардуму давлати Эрон дар беҳтар будани гузинаи сеюм иштироки назар доранд.
Фармондеҳи артиши Сурия бомдоди имрӯз якшанбе дар баёнияе, суқӯти ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурияро эълом кард.
Баёнияи фармондеҳии артиши Сурия пас аз тасарруфи Димишқ тавассути гуруҳҳои мусаллаҳ ва низ хабари хурӯҷи Башор Асад аз Димишқ мунташир шуд.