Рӯзи ҷумъа Путин ба Эрон сафар мекунад
Кохи Кремл рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷумъа, ҳафтуми сентябр барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои зомини раванди Остона ба Теҳрон сафар хоҳад кард.
Кохи Кремл дар ин баёния хотирнишон кард, дар нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия дар Теҳрон дар хусуси роҳҳои беҳбуди авзои Сурия баҳсу гуфтугӯ хоҳад шуд. Кремл тасреҳ кард, сарони се кишвар маҷмӯаи тадобир барои решакан кардани ниҳоии конуни терроризми байналмилалӣ, пешбурди раванди ҳаллу фасли сиёсӣ ва ҳалли масоили инсонӣ, аз ҷумла таъмини шароит барои бозгашти оворагони сурӣ ба кишваршонро баррасӣ хоҳанд кард.
Нахустин даври нишасти сарони се кишвари зомини раванди Остона 22-юми ноябри 2017 дар шаҳри Сочии Русия бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Туркия баргузор шуд. Дувумин даври ин нишаст низ дар рӯзи 4-уми апрели соли 2018 дар шаҳри Анкараи Туркия баргузор шуд. Дар ин нишаст муқаррар шуд, севумин нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия ба мизбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шавад. Ин нишаст рӯзи ҷумъа, ҳафтуми сентябр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.
Музокироти Остона аз январи соли 2017 бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкории Русияю Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст. Натиҷаи аслии ин музокирот эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.