Эрон инфиҷорҳои террористии Кобулро маҳкум кард
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон инфиҷорҳои террористӣ дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистонро маҳкум кард.
Ба гузориши идораи кулли дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ рӯзи панҷшанбе ҳамчунин бо давлат, миллат ва бозмондагони қурбониёни ин ҷинояти террористӣ, ибрози ҳамдардӣ кард.
Дар ду инфиҷори террористии рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул 22 нафар, аз ҷумла ду хабарнигор кушта ва 70 нафар захмӣ шуданд.
ДИИШ масъулияти ин ду инфиҷорро бар ӯҳда гирифт.
Манотиқи мухталифи Афғонистон дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалот ва инфиҷорҳои террористӣ буда ва афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар, мӯҷиби эътирози мардум шудааст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин гурӯҳи Толибон токунун масъулияти аксари ҳамалот ва инфиҷорҳоро дар манотиқи мухталифи Афғонистонро бар ӯҳда гирифтаанд.