Музокираи Эрон бо аврупоиҳо бар асоси иззат, ҳикмат ва маслиҳат
Саҳоб - Сухангуи давлати Эрон гуфт, музокираи Эрон бо се кишвари аврупоии Фаронса, Олмон ва Англия бо дар назар гирифтани се асли иззат, ҳикмату маслиҳат, ки мавриди таъкиди раҳбари Инқилоби Исломӣ аст, баргузор мешавад.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон бо ишора ба баргузории нишасти муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва се кишвари аврупоии Фаронса, Олмону Англия афзуд, мавзӯи гуфтугуҳои масоили ду ҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ, табодули назар дар бораи буҳрони инсонӣ дар Борикаи Ғазза ва Лубнонро шомил мешавад.
Муҳоҷиронӣ тасреҳ кард, ҳар гуфтугуи ниёзманди эҳтиром ва эътимодсозӣ аст ва рӯйкарди Эрон, таъомули созанда аст, аммо мутаассифона кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси он Амрико, борҳо собит карданд, ки бадаҳд ҳастанд.
Музокироти Эрон ва се кишвари аврупоии Фаронса, Олмону Британия қарор аст рӯзи ҷумъа (29 ноябр) дар Женеви Швейтсария баргузор шавад.