Сентябр 06, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • 200 донишманди эронӣ дар сатҳи донишмандони бартари ҷаҳон

Дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон, гуфт, беш аз 200 донишманди эронӣ дар сатҳи донишмандони бартари ҷаҳон ҳастанд.  

Муҳаммадризо Мухбири Дизфулӣ бо баёни инки 18 донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон раддаҳои болои ҷаҳониро ба худ ихтисос додаанд, афзуд, дар ҳавзаи силлулҳои бунёдин низ Эрон, ҷузъи даҳ кишвари аввали ҷаҳон қарор дорад.

Мухбири Дизфулӣ бо ишора ба инки муваффақиятҳои илмӣ нишон аз шукуфоии истеъдодҳо дар партави инқилоби исломӣ дорад, тасреҳ кард, баён кардан вашаҳр додани дастовардҳо ва муваффақиятҳои илмӣ ва фанноварӣ мӯҷиби тақвияти рӯҳияи эътимод ва тавонмандии миллӣ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар даҳ соли ахир, яке аз кишварҳои пешрав дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ будааст.

 

Барчасп