Сентябр 07, 2018 16:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркия дар Теҳрон

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар ҳошияи баргузории сеюмин иҷлоси сеҷонибаи кишварҳои зомини музокироти сулҳи Остона, дар маҳалли ин нишаст бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Пас аз истиқболи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар маҳалли толори иҷлоси сарон, тарафайн дар бораи масоили минтақаӣ, байналмилалӣ ва дуҷониба табодул назар карданд.

Рӯҳониӣ пеш аз оғози нишасти сеҷонибаи имрӯзи Теҳрон, дар бораи Сурия бо Владимир Путин низ дидор кард.

Эрдуғон ва Путин низ пеш аз ин нишаст, дидори дуҷонибае баргузор карданд.

Нишасти сарони се кишвари Эрон, Туркия ва Русия, асри имрӯз (ҷумъа) бо ҳузури ҳасан рӯҳонӣ, бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар нишасти Теҳрон исрор бар он аст, то миёни мусаллаҳин ва гурӯҳҳои террористӣ тафовутҳое дар назар гирифта шавад бад-ин маъно, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ ба шарти пазириши канор гузоштан силоҳ, аз афви умумии низоми Сурия бархӯрдор ва гурӯҳҳои террорист поксозӣ шаванд.