Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Трамп орзӯи тасхири Ховари Миёнаро ба гӯр хоҳад бурд
(last modified Fri, 07 Sep 2018 14:25:18 GMT )
Сентябр 07, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Трамп орзӯи тасхири Ховари Миёнаро ба гӯр хоҳад бурд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, раисиҷумҳури Амрико ва ҳамроҳонаш орзӯи тасхири Ховари миёнаро ба зуддӣ ба гӯр хоҳанд бурд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ҳоли ҷанг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд ва аз ин рӯ, барномарезӣ ва мудирияти дуруст муқобила бо тавтеаи душманон зарурат дорад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷанги расонаии душман зидди Эрон, гуфт, ҷанги расонаиро душман ба вуҷуд овардааст, то дар мардум изтироб ва тарс эҷод кунад.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо ишора ба тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои тасхири Ховари Миёна, таъкид кард, душманони Эрон ҳамонтавр, ки чиҳил сол аст ба ҷое нарсидаанд, дар ин тавтеа ҳам ба ҷое намерсанд, Трамп ва Натаняҳу ин орзӯро ба зуддӣ ба гӯр хоҳанд бурд.

Имомҷумъаи Теҳрон бо ишора ба фармоиши раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабни бар инки бояд ҷилави густариши бадбиниро гирифт, гуфт, имрӯз душман дар ҳоли олуда кардани фазои маҷозӣ аст ва ин вазифаи расонаҳо аст, ки бо ин тарфанди душманон муқобила кунанд.