Баёнияи муштараки раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия дар поёни иҷлоси Теҳрон
(last modified Fri, 07 Sep 2018 14:53:09 GMT )
Сентябр 07, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштараки раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия дар поёни иҷлоси Теҳрон

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияи поёнии нишасти Теҳрон, бар пойбандии мустаҳкам ва мустамари худ ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия, таъкид карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияи муштарак, ки рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти сеҷонибаи Теҳрон ва дар 12 банд омода шудааст, бар азми худ бар идомаи ҳамкорӣ барои нобудии ниҳоии ДИИШ, Ҷабҳатуннусра ва тамомии гурӯҳҳо, ташаккулҳо ва мавҷудиятҳои вобаста ба Алқоида ё ДИИШ дар Сурия, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид онҳоро террористӣ ташхис додааст, таъкид карданд.

Дар ин баёнияи муштарак омадааст, мунозиа (низоъ)-и Сурия ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ наметавонд дошта бошад ва танҳо аз тариқи як фароянди сиёсӣ ва музокирот метавон ба он поён дод.

Раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия бар иродаи худ барои идомаи ҳамкории фаъолона дар пешбурди фароянди сиёсии ҳамсӯ бо тасмимоти Конгресси гуфтугӯи миллии Сурия дар Сочи ва қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти СММ таъкид карданд.

Сарони ширкаткунанда дар нишасти Теҳрон, ҳамчунин бар зарурати ҳимоят аз талошҳо барои кумак ба бозгашти ҳамаи суриҳо ба зиндагии оддӣ ва сулҳомез ва низ таскини дардҳои онон, таъкид карданд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ, бавижа СММ ва ниҳодҳои башардӯстонаи он хостанд, то ёрии худ ба Сурияро бо бештар кардани кумакҳои инсондӯстона, осон кардан миназудоӣ, эҳёи имконоти зербиноии аслӣ, аз ҷумла таъсисоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ, афзоиш диҳанд.

Раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия ҳамчунин бар зарурати эҷоди шароити лозим барои бозгашти эмин ва довталабонаи оворагон ба иқоматгоҳҳои аслии худ дар Сурия, таъкид карданд.