Эрон хостори муҷозоти ҳамлакунандагон ба консулгарии ин кишвар дар Басраи Ироқ
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумъашаб ҳамла ба консулгарии Эрон дар шаҳри Басраи Ироқро, маҳкум кард ва хостори муҷозоти омилони иқдом шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳроми Қосимӣ масъулияти хатарноки давлати Ироқ дар нигаҳдорӣ аз маконҳои дипломатиро ёдовар шуд ва аз Бағдод хост, ҳар чӣ сареътар омирон ва омилони ин ҷурми сангинро шиносоӣ, боздошт ва муҷозот кунад.
Қосимӣ дар айни ҳол дар бораи дастҳои ошкору пинҳоне, ки дарсадади тахриби равобити дӯстонаи давлат ва миллати Эрон ва Ироқ ҳастанд, ҳушдор дод.
Ҷумъашаб гурӯҳе бо иддаои эътироз ба авзои нобасомони хадамотрасонӣ, ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Басра, ҳамла карданд ва бинои консулгариро ба оташ кашиданд.
Мардуми Басра, ки ду моҳ пеш оғозгари эътирозот дар устонҳои ҷанубӣ ва маркази Ироқ ба авзои нобасомони хадамотрасонӣ, камбуди шадиди барқ, шӯрӣ ва камии об, фасод ва нотавонии давлат дар таъмини ниёзҳои аввалия буданд, аз сешанбеи гузашта бори дигар ва ин бор дар эътироз ба шӯрӣ ва олудагии оби шаҳрӣ, ки токунун садҳо масмум ба ҷо гузоштааст ба хиёбонҳо омадаанд.
Эътирозҳо дар шаҳри Басраи Ироқ ба хушунат гароида ва дар чаҳор рӯзи гузашта, 9 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.