Раҳбари инқилоби исломӣ: Муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи Ислом иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст
(last modified Sat, 08 Sep 2018 06:09:25 GMT )
Сентябр 08, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи Ислом иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори раисиҷумҳури Туркия, муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи Исломро наздикии ҳарчӣ бештари кишварҳои исломӣ ва ҳамкории онҳо донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри ҷумъа дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ва ҳайати ҳамроҳ афзуданд, истикбор ва дар раъси он Амрико аз ҳамкорӣ ва наздикии кишварҳои исломӣ ва шаклгирии як қудрати исломӣ нигарон аст.

Эшон иллати душманӣ ва кинаварзии Амрико бо кишварҳои қудратманди исломиро ҳамин нигаронӣ баршумурданд ва афзуданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия ду кишвари обрӯманд ва қудратманди минтақа ҳастанд ва ангезаҳои муштараке барои дунёи Ислом доранд, бинобар ин бояд ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ беш аз пеш густариш ёбад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳамкориҳо ва иртибототи хуби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия аз замони рӯйи кор омадани ҷараёни исломгаро, таъкид карданд, лозим аст нуқоти муштарак ҳар чӣ бештар тақвият шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин аз мавозеи раиси ҷумҳурии Туркия дар масъалаи Миёнмор қадрдонӣ карданд ва бо ишора ба мавзӯи Фаластин низ гуфтанд, масъалаи Фаластин ҳамвора муҳим аст ва лаҳзае набояд аз он ғафлат кард.

Раиси ҷумҳурии Туркия низ дар ин дидор вазъияти минтақаро буҳронӣ донист ва ибрози умедворӣ кард, дар сояи ҳамкории кишварҳои исломӣ масоили минтақа ҳаллу фасл шавад.

Эрдуғон парокандагӣ ва набуди иттиҳод миёни кишварҳои исломиро аз авомили бурузи вазъи кунунӣ баршумурд ва гуфт, ба иллати навъи рафтори Ғарб дар қиболи кишварҳои мустақили исломӣ, авзоъ аз ҳассосияти бештаре бархурдор аст ва ҳамин масъала эҷоб мекунад, ки ҳамбастагӣ ва бародарӣ, ба вижа миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия афзоиш ёбад.