Қосимӣ даргузашти эроншиноси машҳури фаронсавиро таслият гуфт
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон даргузашти профессор Жилбер Лазар забоншинос ва Эроншиноси номдори фаронсавиро таслият гуфт.
Ба нақл аз Идораи кулли дипломасии расонаии Вазорати умури хориҷа, Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайёме бо гиромидошти ёду хотираи профессор Жилбер Лазар даргузашти ин забоншинос ва Эроншиноси номдори фаронсавӣ ва узви ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, ки умри гаронмояи худро сарфи таҳқиқ дар бораи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ва шиносондани гӯшаҳое аз фарҳанги ғанӣ ва комили Эронзаминро ба мардум ва фарҳехтагони фаронсавӣ карда буд ба дустдорон, шогирдон ва алоқамандони асарҳои ӯ таслият гуфт.
Лазар, ки дар 98 солагӣ даргузашт аз донишмандоне буд, ки умри худро сарфи таҳқиқ дар бораи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ кард ва ба ҳамин муносибат ба узвияти ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ низ даромад.
Профепссор Жилбер Лазар аз соли 1972 то 1993 ба таҳқиқ ва мудирияти гурҳҳои пажуҳишӣ дар маркази миллии пажуҳишҳои илмии Фаронса дар ҳавзаи забонҳои эронӣ машғул буд.
Фарҳанги форсӣ-Фаронса, шаклгирии забони форсӣ, шеърҳои парокандаи қадимитарин шоирони форсизабон, баррасии вазни шеъри эронӣ, тарҷумаи фаронсавии баргузидаи рубоиёти Хайём ва баргузидаҳое аз ғазалҳои Ҳофиз аз ҷумла осори ин Эроншинос ва забоншиноси фаронсавӣ аст.