Сентябр 09, 2018 18:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон қутби гардишгарии саломат дар минтақаи ғарби Осиё

Мудири минтақаии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар умури шарқи Мидитарона гуфт: Эрон ҷойгоҳи худро ба унвони қутби гардишгарии саломат дар минтақа тасбит кардааст.

Аҳмади Алманзарӣ изҳор кард: Эрон қутби гардишгарии саломат дар минтақа аст ва марокиз, донишгоҳҳо, бемористонҳо ва марокизи хадамоти дармонӣ дар Эрон бо ҷиддият талош мекунанд, то хадамоти беҳдошт ва дармони умумӣ дар заминаи бемориҳои ғайривогир тавсеа ёбад.

Вай таъкид кард: Марокизи чашмпизишкии бисёр хуб ва клиникҳои фаровони вижаи дармони чашм дар Эрон вуҷуд дорад.

 

Барчасп