Сентябр 12, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Касби чаҳор медали олимпии ҷаҳонии компютери Ҷопон барои Эрон

Тими олимпии компютери Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳор медали сиюмин олимпиадаи ҷаҳонии компютерии “Ibaraki” - и Ҷопонро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сиюмин мусобиқоти олимпиадаи ҷаҳонии компютер бо ширкати беш аз 300 донишомӯз аз 85 кишвари ҷаҳон аз 30 – юми август то ҳаштуми сентябри имсол дар минтақаи Ibaraki Ҷопон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот тими олимпиии компютерии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муташаккил аз чаҳор донишомӯз, муваффақ ба касби як медали тилло, ду нуқра ва як бронз шуданд.

Даври қаблии мусобиқоти олимпиадаи ҷаҳонии компютер дар Эрон баргузор шуд ва қарор аст даври баъдии он ҳам дар ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шавад.

 

Барчасп