Рӯҳонӣ: Амрико дар бадтарин шароити ҷаҳонӣ қарор гирифтааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38029-Рӯҳонӣ_Амрико_дар_бадтарин_шароити_ҷаҳонӣ_қарор_гирифтааст
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Имрӯз Амрико дар бадтарин шароити ҷаҳонӣ қарор гирифта ва ҷуз чанд кишвар ва режими маълумулҳол дар минтақа, ҳеҷ кас канори Амрико нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 12, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико дар бадтарин шароити ҷаҳонӣ қарор гирифтааст

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Имрӯз Амрико дар бадтарин шароити ҷаҳонӣ қарор гирифта ва ҷуз чанд кишвар ва режими маълумулҳол дар минтақа, ҳеҷ кас канори Амрико нест.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд: Имрӯз муттаҳидони Амрико дар канори ин кишвар қарор надоранд ва ҳатто муттаҳидони суннатии Амрико низ аз ин кишвар фосила гирифта ва ба ин фосила гирифтан ифтихор мекунанд.

Рӯҳонӣ гуфт: Ҳатто созмонҳои байналмилалӣ монанди Созмони милал, созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО), Созмони байналмилалии энержии атомӣ ва Девони байналмилалии кайфарӣ бо сиёсатҳои Амрико мувофиқ нестанд.