Сентябр 13, 2018 15:40 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрону Туркманистон барои мубодилоти иқтисодии 60-миллиарддолларӣ

Эрону Туркманистон барои расондани табодулоти иқтисодии худ ба 60 миллиард доллар талош мекунанд.

Маҳмуди Воизӣ, раиси дафтари раисҷумҳури Эрон дар ташреҳи натиҷаҳои сафари худ ба Туркманистон гуфт, болотар рафтани сатҳи табоддулоти иқтисодии Эрону Туркманистон то ҳудуди 60 миллиард доллар ҳадафи аслии масъулони ду кишвар барои густариши равобити дуҷониба аст ва бо омода шудани нақшаи роҳ то 10 соли оянда Эрон ва Туркманистон дар ҳавзаи саноат ва тиҷорат, ҳамлу нақл ва хадамоти фаннии муҳандисӣ ҳамкориҳои пешрафтае хоҳанд дошт. Ба гуфтаи Воизӣ, қарор аст, кумитаҳои тиҷорат ва гумрук, нафту газ ва бонк, ҳамкориҳои сиёсӣ ва аснод, ҳамлу нақл ва саноати барқ дар чорчӯби густариши равобити дуҷонибаи Эрону Туркманистон ташкил шавад.

Маҳмуди Воизӣ, раиси дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафари якрӯза ба Туркманистон бо раисҷумҳур, вазири умури хориҷӣ ва бархе дигар аз мақомоти ин кишвар дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ ва табодули назар кард.