Ҷавонони Басра консулгарии Эронро рӯбучин карданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38062-Ҷавонони_Басра_консулгарии_Эронро_рӯбучин_карданд
Гурӯҳе аз ҷавонони Басра дар ҳаракати намодин ва ба манзури нишон додани умқи бародарии ду миллат, маҳалли ҳуҷуми ошӯбгарон дар бинои қаблии консулгарии Эронро рӯбучин карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 13, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони Басра консулгарии Эронро рӯбучин карданд

Гурӯҳе аз ҷавонони Басра дар ҳаракати намодин ва ба манзури нишон додани умқи бародарии ду миллат, маҳалли ҳуҷуми ошӯбгарон дар бинои қаблии консулгарии Эронро рӯбучин карданд.

Бинои қаблии консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон асри ҷумъаи гузашта мавриди ҳуҷуми авомили аҷиршуда аз сӯи консулгарии Амрико қарор гирифта буд.

Ин ҷавонон ҳамчунин бо барафрошта кардан ва насби парчами Ҷумҳурии исломӣ ва низ тасовири бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нуқоти мухталифи ин бино, ҳамбастагии худро бо давлат ва мардуми Эрон ба намоиш гузоштанд.

Ҳаракати ҷавонони Басра дар ҳоле аст, ки пештар кумитаи баргузоркунандаи тазоҳурот дар ин шаҳр дар баёнияе аз иқдоми иғтишогарон дар ҳамла ба марокизи давлатӣ, басиҷи мардумӣ ва низ консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом бароат(дурӣ) карда буд.

Ин кумита тасреҳ карда буд, иддае нуфузии вобаста ба ҳизби Баъс ва ДИИШ иқдом ба корҳои тахрибт карданд ва ин иқдомот аз сӯи мӯътаризони аҳли Басра набудааст.