Баргузории маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ дар Эрон ва 40 кишвар ҷаҳон
(last modified Fri, 14 Sep 2018 13:31:36 GMT )
Сентябр 14, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ дар Эрон ва 40 кишвар ҷаҳон

Маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ (а) дар Эрон ва 40 кишвари ҷаҳон бо ҳузури густурдаи муштоқони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) баргузор шуд.

Маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ (а) маросиме аст, ки ба ёди ҳазрати Алии Асғар (а) ва дигар кӯдакони шаҳид ва асири рӯзи ошуро дар нахустин ҷумъаи моҳи муҳҳаррам дар Эрон ва дигар кишварҳо баргузор мешавад.

Ҳазрати Алии Асғар (а) хурдтарин фарзанди Имом Ҳусайн (а) аст, ки дар соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар шашмоҳагӣ дар Карбало ба шаҳодат расид.

Дар маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ модарон бо кӯдакони ширхори худ ҳузур меёбанд ва дар сӯги шаҳидони Карбало, ба хусус кӯдакони шаҳид ашки мотам мерезанд.

Маросими ҷаҳонии ширхорагони ҳусайнӣ ҳамасола ба ҳиммати Маҷмаи ҷаҳонии ҳазрати Алии Асғар (а) ва бо ҳадафи бузургдошти шаҳиди шашмоҳаи Карбало баргузор мешавад.