Сентябр 15, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Таарруз ба сафорати Эрон дар Порис

Чанд нафар аз аъзои гурӯҳҳои зидди инқилоб ба сафорати Эрон дар Порис, таарруз (ҳамла, ҳуҷум) карданд.

Ба гузориши шабакаи Хабар, дар ин ҳодиса, ки асри ҷумъа рух дод, ҳудуди 15 нафар аз аносури ин гурӯҳи террористӣ бо тавҳин ба парчами муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ, иқдом ба партоби санг ва ашёи мухталиф, аз ҷумла лавозими компютер, капсули оташнишонӣ карданд ва шишаҳои бинои сафоратро шикастанд.

Пулиси Фаронса аз субҳи рӯзи ҷумъа аз таҳаррукоти ин афрод хабар дошт ва ба масъулони сафорат низ иттилоъ дода буд, аммо дуруст дар замоне, ки аносури гурӯҳои зидди инқилоб дар муқобили сафорат ҳозир шуданд, маъмурони пулис атрофи сафоратро тарк карданд.

Пас аз поёни намоиши мутаарризон ба сафорати Эрон, маъмурони пулис бори дигар ба маҳалли хидматашон бозгаштанд.

Гурӯҳҳои зидди инқилоб борҳо сафоратхонаҳо ва марокизи консулгарии Эрон дар кишварҳои аврупоиро мавриди таарруз қарор доданд.