Интиқоди намояндаи Эрон дар ҳайъати омили ОПЕК аз бетааҳҳудии бархе аъзо
Намояндаи Эрон дар ҳайъати омили созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) аз сиёсатҳои нафтии Русия ва Арабистони Саудӣ интиқод кард.
Ҳусайни Козимпури Ардабилӣ, намояндаи Эрон дар ҳайъати омили созмони кишварҳои содиркунандаи нафт гуфт: Русия ва Арабистон бо афзоиши тавлиди нафт ба истиқболи таҳримҳои нафтии Амрико зидди Эрон рафтаанд.
Вай тасреҳ кард: Наҳваи бархурди Арабистон ва Русия бо Эрон дар таърих сабт хоҳад шуд.
Намояндаи Эрон дар ҳайъати омили созмони кишварҳои содиркунандаи нафт тасреҳ кард: Ояндагон хоҳанд фаҳмид, бархилофи Эрон, ки барои суботи бозори нафт ва арзаи мутмаини энержӣ ба масрафкунандагон талош кардааст, Арабистон ва Русия ба истиқболи таҳрими яке аз тавлидкунандагони ОПЕК рафтаанд.