Сентябр 18, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани Тосуои Ҳусайнӣ таслият бод

Чаҳоршанбе 28 шаҳривари ҳиҷрии хуршедӣ ва 19 сентябри 2018, нуҳумин рӯзи муҳаррами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ ва рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ аст.

Мардуми Худоҷу ва муъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо ва ҳамаи маконҳои муқаддас, дар сӯги Саид ва Солори шаҳидон ва дигар шуҳадои Карбало ба хусус ҳазрати Аббос бин Алӣ бародари гиромии Имом Ҳусайн (а) азодорӣ мекунанд.

Ҳама бозорҳо, идораҳо, мадорис, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва воҳидҳои тавлидӣ ва санъатӣ дар Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ дар Эрон таътил ва сиёҳпӯш аст.

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёрон вафодораш, натанҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчи мегузарад паёми Ошуро густурдатар ва оинҳои азодорӣ бо шӯр ва дарки бештаре баргузор мешавад.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Тосуои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.