Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар зарурати пайбандии Амрико ба БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i382
Дар паи бадаҳдиҳои мудовими Амрико дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ва сангандозиҳои Конгресси ин кишвар, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Онҳо қасд доранд, таомул бо ҷумҳурии исломиро дар чашми дунё ҳазинабар ҷилва диҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2016 13:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар зарурати пайбандии Амрико ба БАРҶОМ

Дар паи бадаҳдиҳои мудовими Амрико дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ва сангандозиҳои Конгресси ин кишвар, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Онҳо қасд доранд, таомул бо ҷумҳурии исломиро дар чашми дунё ҳазинабар ҷилва диҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати пайбандии Амрико ба тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) таъкид кард.

Ба иттилои Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон ҳадаф аз тарҳҳои зидди эронии Конгресси Амрикоро нигарон кардани дунё барои таомул бо Эрон донист ва гуфт: Онҳо қасд доранд, таомул бо ҷумҳурии исломиро дар чашми дунё ҳазинабар ҷилва диҳанд.

Зариф бо баёни инки ҳаракатҳои Конгресси Амрико умуман таблиғотӣ аст, тасреҳ кард: Амрикоиҳо медонанд, ин тарҳҳо дар Маҷлиси сенат тасвиб нахоҳад шуд ва агар тасвиб шавад, Барак Обама, раисҷумҳури Амрико муваззаф аст, тибқи БАРҶОМ онҳоро вето кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Давлати Амрико бояд тибқи тавофуқи ҳастаӣ ба тааҳҳудоти худ амал кунад ва иҷоза надиҳад, мусавваботи Конгресс монеи иҷрои ин тааҳҳудот шавад .