Сентябр 22, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Авомили ҳамлаи террористии Аҳвоз вобаста ба ҷараёни “Алаҳвозия” ҳастанд

Сухангӯии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, афроде ки дар ҷараёни режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон) иқдом ба тирандозӣ ба самти мардуму нерӯҳои мусаллаҳ карданд, вобаста ба гурӯҳи террористии мавсум ба “Алаҳвозия” ҳастанд.

Сардори сартип Рамазони Шариф бо ишора ба ин ки ин гурӯҳ мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ аст, изҳор дошт, иқдоми онҳо барои таҳтушшуо қарор додани азамати режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон буд.

Гурӯҳи террористии “Алаҳвозия” дар фазои маҷозӣ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Аҳвозро бар ӯҳда гирифтааст.

Сардори сартип Ҳасани Шоҳворпур, фармондеҳи Сипоҳи ҳазратии Валии Аср ҳам гуфт, дар ин ҳамлаи террористӣ 9 нафар шаҳид ва 21 нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳоли ҳозир авзоъ таҳти контроли нерӯҳои амниятии Эрон аст ва оромиш бар минтақа ҳоким аст.

Бо ҳушёрии нерӯҳои амниятии Эрон, ду омили террористӣ ба ҳалокат расида, яке аз террористҳо захмӣ ва як омили террористии дигар дастгир шудааст.