Путин ҳамлаи террористии Аҳвозро "ҷинояти хунин" хонд
Сентябр 22, 2018 17:02 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Русия, ҳамлаи террористии Аҳвозро ҷинояти хунин хонд ва гуфт. Маскав омодаи тақвияти ҳамкорӣ бо Теҳрон дар муқобила бо терроризм аст.
Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, дар пайи вуқуъи ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз (ҷануби Эрон), Владимир Путин дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, зимни таслият ба муносибати шаҳодати шуморе аз шаҳрвандони эронӣ дар ин ҳамлаи террористӣ, таъкид кард, ончӣ дар Аҳвоз иттифоқ афтод, бори дигар зарурати муборизаи сарсахтона бо терроризмро дар ҳамаи шеваҳои он нишон медиҳад.
Путин бо таъкид бар омодагии Маскав барои тақвияти ҳамкорӣ бо Теҳрон дар мубориза бо терроризм, ибрози умедворӣ кард, омилони ҷинояти хунини Аҳвоз муҷозот шаванд.