Сентябр 23, 2018 19:10 Asia/Dushanbe
  • Кордори Иморот ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон аз эҳзори кордори Имороти Арабии Муттаҳида дар Теҳрон ба далели изҳороти сахифи як мушовири сиёсии ин кишвар дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Аҳвози Эрон хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Дар паи суханони сахифи як мушовири сиёсии иморотӣ дар бораи ҳамлаи террористии Аҳвоз, кордори Иморот дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор ва эътирози Теҳрон ба изҳороти ғайримасъулонаи мушовири иморотӣ ба вай иблоғ шуд.

Қосимӣ афзуд: Ба кордори Иморот ҳушдор дода шуд, ҳимояти ошкор аз иқдомоти террористӣ тавассути афроде, ки вобаста ба марокизи расмии ин кишвар ҳастанд, ба эҷоди масъулият барои давлати Иморот мунҷар хоҳад шуд.

 

 

Барчасп