Сентябр 24, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  • Гуштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон, Эрон сеюм шуд

Тими миллии гуштии озоди Эрон мақоми сеюми мусобиқоти гуштии озоди ҷавонони ҷаҳонро дар Словакия касб кард.

Дар идомаи рақобатҳои гуштии озоди ҷавонони ҷаҳон 2018 дар Словакия Аббоси Фурутан, намояндаи вазни 92 килограмми Эрон дар дидори финал муқобили Алишер Ергалӣ аз Қазоқистон муқтадирона ва бо натиҷаи 11 бар сифр пирӯз шуд ва ба медали тиллои ҷаҳонӣ расид .

Абулфазли Ҳошимӣ низ дар дидори радабандии вазни 86 килограмми гуштии озод ба масофи ҳарифе аз Гурҷистон рафт ва бо натиҷаи 6 бар панҷ пирӯз шуд ва медали биринҷӣ гирифт .

Ҳамчунин дар рӯзи нахусти ин рақобатҳо, Мақсудӣ дар вазни 65 килограмм дар рақобатҳои гуштии озоди ҷавонони ҷаҳон дар Словакия нуқра гирифт .

Дар ин давра аз рақобатҳо тимҳои Русияву Амрико ба тартиб аввалу дувум шуданд .

 

Барчасп