Сентябр 24, 2018 14:20 Asia/Dushanbe
  • Интишори видеоии террористҳои ҳодисаи Аҳвоз аз сӯи ДИИШ! + акс

Гуруҳи расонаии вобаста ба ДИИШ бо интишори видеое иддао кард: Ашхоси ба намоиш даромада дар ин видео омилони ҳамалаи (террористии) Аҳвоз ҳастанд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, дар ҳоле ки пеш аз ин гуруҳи Алъаҳвозӣ масъулияти ҳамлаи террористии Аҳвозро баруҳда гирифта буд соате пеш гуруҳи ДИИШ бо интишори видеое уҳдадори ин масъулият шуд.

Гуруҳи Алъаҳвозӣ рӯзи гузашта бо интишори баёнияҳое ба забонҳои арабӣ ва англисӣ, масъулияти худ дар ҳамлаи террористии Аҳвозро рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Яъқуби Ҳурри Тустарӣ сухангӯи ин гуруҳаки террористӣ, рӯзи шанбе пас аз ҳодисаи Аҳвоз дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтерс ва шабакаи телевизионии "Эрон Интрнашнол" дар Лондон масъулияти ин ҳамларо баруҳда гирифта буд.

Арабистони саъудӣ ба таври мустақим аз ҳарду гуруҳи ДИИШ ва Алъаҳвозӣ ҳимоят мекунад.

Image Caption

 

Сарфи назар аз инки дар олами воқеъ кадом як аз ин ду гуруҳ омили ин ҷинояти террористӣ будаанд, ин иқдоми ғайриинсонӣ ҳадафе ғайр аз бесубот кардани ҷумҳурии исломӣ надоштааст.

Шанбеи гузашта дар пайи ҳодисаи террористӣ дар маросими режаи неруҳои мусаллаҳ дар шаҳри Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон 25 тан шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.