Рӯҳонӣ: Маҳрум кардани Эрон аз фурӯши нафт амалӣ нест
(last modified Tue, 25 Sep 2018 08:50:43 GMT )
Сентябр 25, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Маҳрум кардани Эрон аз фурӯши нафт амалӣ нест

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Амрико наметавонад монеи фурӯши нафти Эрон шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар дидори ҷамъе аз мудирони аршади расонаҳои амрикоӣ дар Ню-Йорк гуфт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бояд иқдомоти бисёр нодурусти худ алайҳи миллати Эронро ислоҳ кунад.

Рӯҳонӣ гуфт, Трамп бедалел аз тавофуқи БарҶом хориҷ шуда ва миллати Эронро бидуни ҳеҷ далеле таҳрим ва таҳдид кардааст ва дар умури дохилии Эрон низ дахолат мекунад. Аз ин рӯ, бояд қабл аз ҳар баҳсе ин иқдомоти нодурустро ҷуброн кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба талоши Амрико барои маҳрум кардани Эрон аз фурӯши нафт низ гуфт, ҳадафе, ки амрикоиҳо барои маҳрум кардани Эрон аз фурӯши нафт дунбол мекунанд, на танҳо амалӣ нест, балки бисёр хатарнок хоҳад буд.

Вай бо ишора ба пешниҳоди Амрико барои музокира бо Эрон таъкид кард, агар рӯзе Амрико содиқона ба дунболи ҷуброн ва беҳбуди шароит бошад, он замон Эрон дар бораи музокира тасмим хоҳад гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳамлаи террористии Аҳвоз, дар ҷануби ғарби Эрон низ гуфт, амрикоиҳо аз ибтидои инқилоби исломӣ то кунун пайваста аз гурӯҳҳои террористии зиддиэронӣ ҳимоят ва пуштибонӣ кардаанд.