Сентябр 25, 2018 15:02 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Эрон аз шабакаи телевизионии “Эрон Интернешнал”

Сафорати Эрон дар Англия шикояти расмии худро дар робита бо баррасии иқдоми ғайриқонунии шабакаи “Эрон Интернешнал” дар пахши мусоҳиба бо сухангӯи гурӯҳи террористии “Алаҳвозия” ба Созмони танзимкунандаи муқаррароти расонаии Англия (Ofcom) таслим кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамиди баидинажод, сафири Эрон дар Англия душанбешаб дар Твиттер навишт, Эрон илова бар шикоят аз шабакаи телевизионии “Эрон Интернешнал” ба Ofcom, ба таври ҷудогона аз давлати Англия низ хостааст, ки бо шиносоии аъзои гурӯҳи террористии “Алаҳвозия”, фаъолияти онҳоро мамнуъ ва аз он кишвар ихроҷ кунад.

Шабакаи телевизионии моҳвораии “Эрон Интернешнал”, ки маркази он дар Лондон аст, собиқаи пахши мустақими нишасти гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” - ро низ дар корномаи худ дорад ва аз Арабистони Саудӣ ҳимояти молӣ мешавад.

Террористҳо рӯзи шанбеи 22 – юми сентябр дар ҳошияи баргузории ойини режа (парад) – и Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ тирандозӣ карданд, ки бар асари ин ҳамла 25 нафар шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва “Алаҳвозия”, ки мавриди ҳимояти Арабистон ва Амрико ҳастанд, масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифтанд.