Сентябр 25, 2018 20:58 Asia/Dushanbe
  • Қудрати нуфузи расонаии Эрон ношӣ аз нуфузи инқилоби исломӣ аст

Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон сешанбе дар маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии садо ва симо ва ҳамчунин таҷлили намодин аз Аҳд Алтамимӣ, духтари қаҳрамони фаластинӣ тасреҳ кард, қудрати нуфузи расонаии Эрон ба далели қудрати нуфузи инқилоби исломӣ аст.

Паймони Ҷабалӣ бо баёни инки сиёсат ва рӯйкарди муовинати бурунмарзии созмон созмон, ба ҷуз интиқоли паёми инқилоб, муқовимат ва исор нест, афзуд: Инқилоби исломӣ бо забони фитрат ҳарф мезанад ва аз мазлумон ва мустазъафони ҷаҳон дифоъ мекунад.

Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин ба тарҳи шуми ғарб барои нобудии Фаластин, халқи ҷамоати ваҳшӣ мисли ДИИШ ва ба рагбор бастани мардум дар ҳошияи рижаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвози Эрон ишора кард ва гуфт: Ин иқдомоти ваҳшиёна вокунише ба густариши ҳузури ҷибҳаи муқовимат дар минтақа аст.

Дар поёни ин маросим, аз хабарнигорон ва хонаводаи шуҳадои муовинати бурунмарзии садо ва симо таҷлил шуд.  

Аҳд Алтамимӣ, намоди муқовимат дар Фаластин аст, ки ба даъвати муовинати бурунмарзии садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар Эрон ва ширкат дар маросими таҷлил аз вай, қасди хуруҷ аз Фаластинро дошт, аз сӯи режими саҳюнистӣ, мамнуулхуруҷ шуд.