Сентябр 26, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Эътои ҷоизаи СММ дар заминаи пешгирӣ аз бемориҳои ғайривогир ба Эрон

Ҷоизаи коргурӯҳи байнидавлатии Созмони Милали Муттаҳид (UNIATF) дар заминаи пешгирӣ аз бемориҳои ғайривогир (ғайрисироятӣ) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъто мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ноибраиси Кумитаи миллии бемориҳои ғайривогири Эрон гуфт, ин ҷоиза дар севумин иҷлоси олимартабаи ин созмон дар 27 –уми сентябри соли 2018 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъто мешавад.

Боқир Лориҷонӣ афзуд, рӯйкарди UNIATF дар пешгирӣ ва контроли бемориҳои ғайривогир, рӯйкарди фараҳбахше аст ва кишварҳоро ба ҷалби мушорикати ҳамагонӣ дар ростои дастёбӣ ба аҳдоф ташвиқ мекунад.

Пештар низ дар конфронси ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои ғайривогир, ки октябри соли 2017 дар Монтевидеои Уругвай баргузор шуд, аз Эрон ба унвони пешравтарин кишвари ҷаҳон дар иҷрои шохисҳои ҷаҳонии пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайривогир қадрдонӣ шуд.

Коргурӯҳи байнидавлатии Созмони Милали Муттаҳид, пайрави тааҳҳуди сарони давлатҳо ба баёнияи СММ дар хусуси бемориҳои ғайривогир ва амалӣ сохтани барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ташкил шудааст.