Сентябр 27, 2018 16:48 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Паёми шикастнопазирии миллати Эронро ба ҷаҳониён бирасонем

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, бояд бо эҷоди наҳзат тарҷумаи осори мактӯб ва судӯри осори ҳунарӣ ва филмҳои дифои муқаддас, паёми рӯҳии имон, муҷоҳидат ва паёми шикастнопазирии миллати Эронро ба ҷаҳониён бирасонем.

Ҳазрати Оятуллоҳ ул-узмо Хоманаӣ асри чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз фармондеҳон, размандагон, исоргарон ва ҳунармандон, ҳамчунин даврони дифои муқаддасро тарсимкунандаи вазъияти муодилоти қудрат дар дунёи ҳокимияти султа донистанд ва гуфтанд, дар даврони дифои муқаддас дар ҳоле, ки ба миллати Эрони иҷозаи истифода аз ҳаддиақали имконот ва таҷҳизот ва ҳатто симихордор дода намешуд, ба тарафи муқобил, модернтарин таҷҳизоти ҷанг ва ҳатто силоҳи шимиёӣ медоданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ ул-узмо Хоманаӣ афзуданд, дар ҳоле, ки имрӯз барои тӯҳмати силоҳи шимиёӣ ҷору ҷанҷол ба роҳ меафтад, аммо ҳамин кишварҳои ғарбӣ дар даврони ҷанги таҳмилӣ ба режими Саддом силоҳм шимиёӣ доданд, то на фақат дар ҷабҳаҳои ҷанг, балкӣ дар шаҳрҳое ҳамчун Сардашт низ аз он истифода кунад .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он даврон на фақат таҳрими иқтисодӣ ва сиёсӣ буд, балки аз лиҳози таблиғотӣ низ таҳрим буд ва садои миллати Эрон шунида намешуд ва расонаҳои дунё, ки таҳти султаи саҳюнистҳо буданд, ҳар ончӣ метавонистанд зидди ин миллат таблиғ мекарданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба аҳамият ва умқи масоили даврони дифои муқаддас тасреҳ карданд, дар ҷашнвораҳои ғарбӣ, бархе филмҳои эронӣ бо кайфияти ҳирфаии поинтар аз филмҳои дифои муқаддас нишон дода мешавад, аммо аз нишон додани филмҳои дифои муқаддас ҳарос доранд, зеро ин филмҳо тасвири ифшогарона аз муодилоти қудрат дар дунёи ҳокимияти султагарӣ аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҳамонгуна, ки дар авоили инқилоб ва дар даврони дифои муқаддас, нақшаи истикбор барои решакан кардани ниҳоли инқилоб шикаст хӯрд ва маҷбӯр ба ақабнишинӣ шуд, акнӯн низ метавон бо таваккул бар Худо ва бо ҳиммат ва иқдом, ин нақшаро ботил кард.