Рӯҳонӣ: Зӯргӯии Амрико барои ҷаҳониён ошкор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38369-Рӯҳонӣ_Зӯргӯии_Амрико_барои_ҷаҳониён_ошкор_шуд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозгашт аз Ню Йорк гуфт, амрикоиҳо аз нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳеч дастоварде надоштанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 27, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Зӯргӯии Амрико барои ҷаҳониён ошкор шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозгашт аз Ню Йорк гуфт, амрикоиҳо аз нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳеч дастоварде надоштанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки барои ширкат дар нишасти Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар карда буд, дар вурӯд ба Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳаққонияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, миллати Эрон ва зӯргӯии Амрико дар нишасти Маҷмаи умумии СММ ошкор буд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба суханронии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора кард ва гуфт, ин суханронӣ танҳо боиси хандаи сарони ҷаҳон шуд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ба баргузории нишасти Комиссиюни муштараки тавофуқи ҳастаӣ дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора ва хотирнишон кард, дар ин нишаст аз Эрон ба хотири пайбандиаш ба БАРҶОМ, қадрдонӣ шуд ва гурӯҳи 4+1 ( Олмон, Фаронса, Бритониё, Чин ва Русия) зимни ҳимояти қотеъона аз БАРҶОМ эълом кард, як канали вижаи бонкӣ барои робита бо Эрон эҷод кардааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, сарони кишварҳо дар дидор бо ӯ таъкид карданд, ба таҳримҳои Амрико пойбанд нахоҳанд буд.