Сентябр 28, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Интерпол барои ҳамкорӣ бо Эрон дар мубориза бо терроризм

Дабири кулли Созмони Интерпол (пулиси байналмилал) дар паёме бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз, омодагии ин созмонро барои ҳамкорӣ бо Эрон барои мубориза бо терроризм эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Юрган Шток дар паёме ба Ҳусайни Аштарӣ фармондеҳи неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, ин созмон худро мутааҳҳид ба ироаи ҳар гуна ёрӣ дар ин замина медонад, то аз ин роҳ, муртакибони ин амали нангин сареътар ба дасти қонун гирифтор шаванд.

Дар ҳамлаи террористии шанбеи гузашта ба гузашти низомии неруҳои мусаллаҳ дар Аҳвоз (ҷанубу ғарби Эрон), ки ба муносибати нахустин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас дар ҳоли баргузорӣ буд, 24 тан ба шаҳодат расиданд ва 68 тан низ маҷруҳ шуданд.

Ҳар панҷ омили террористӣ ин ҳамлаи террористи ба ҳалокат расиданд.

Гурӯҳаки террористӣ ва таҷзияталаби “ал-Аҳвозия”, ки таҳти ҳимояти молӣ, расонаӣ ва таслиҳотии бархе кишварҳои минтақа қарор дорад, масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

 

Барчасп