6 ҳазор эронии 100 сол
Сентябр 29, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
Раиси дабирхонаи Шӯрои милли солмандони Эрон гуфт, ҳамакнун шаш ҳазор нафар дар Эрон беш аз 100 сол синн доранд, ки нисбати ҷинсиятӣ (зан ва мард) онҳо мусовӣ (баробар) ва 50 ба 50 аст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мӯҳсини Салмоннажод афзуд, солона 700 ҳазор нафар ба ҷамъияти солмандони Эрон изофа мешавад.
Вай ҳамчунин аз вуҷуди як миллион эронии болои 80 сол хабар дод.
Салмоннажод бо таъкид бар зарурати тағйири дидгоҳҳо дар ҳавзаи солмандӣ гуфт, бар асоси баровардҳо дар соли 2050 теъдоди солмандони ҷаҳон ба бештар аз ҷамъияти зери 15 сол мерасад ва дунё ба самти пирӣ ҳаракат мекунад, аз ин рӯ, бояд нигоҳ ба соламандон ва коромадии онон тағйир кунад.