Ҳушдори Зариф дар бораи эҳтимоли хуруҷи Эрон аз БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар сурате, ки механизми вижаи Аврупо барои ҳифзи тавофуқномаи ҳастаӣ (БАРҶОМ) короӣ надошта бошад, Эрон аз ин тавофуқнома хориҷ мешавад.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хорҷаи Эрон шанбешаб дар гуфтугӯ бо хабарнигорони ҳозир дар намояндагии Эрон дар Созмон милали муттаҳид дар бораи пойбандии Эрон ба тавофуқномаи ҳастаӣ гуфт: Дар сурате, ки механизми вижаи эҷодшуда аз сӯи аврупоиҳо короӣ надошта бошад, Эрон эҳтимолан аз ин тавофуқнома хориҷ мешавад.
Дар пайи хуруҷи Амрико аз тавофуқномаи ҳастаӣ, кишварҳои аврупоӣ эълом карданд, ки тасмим доранд ба манзури осонсозии раванди пардохтҳои марбут ба содирот ва воридоти Эрон механизм ва роҳкори вижаеро дар назар бигиранд, то аз ин тариқ, фаъолони иқтисодиро ба пайгирии доду ситади қонунӣ бо Эрон тарғиб кунанд.
Зариф афзуд: Эрон қасд дорад бо фурӯши нафт ва анҷоми муомилоти байналмилалӣ ба ҷои доллар бо соири арзҳо, бо таҳримҳои Амрико муқобила кунад.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар посух ба ин савол, ки мумкин аст хуруҷи Эрон аз тавофуқномаи ҳастаӣ боби ҳамлаи низомӣ ба Эронро бикушояд, тасреҳ кард: Агар Амрико бовар дошт, метавонад дар чунин ҳамлае ба Эрон муваффақ шавад, ин корро анҷом медод.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ҳаштуми майи имсол ба таври якҷонба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар тавофуқи ҳастаӣ, кишварашро аз ин тавофуқ хориҷ кард.
Давлати Амрико баъди хуруҷ аз Барҷом корзоре ҳамаҷониба барои фишор зидди Эрон ба роҳ андохта ва дар талош аст, кишварҳои дигарро ба ҳимоят аз таҳримҳои якҷонба алайҳи миллати Эрон фаро бихонад.