Сафири Қирғизистон: Евразия муштоқи густариши тиҷорат бо Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38431-Сафири_Қирғизистон_Евразия_муштоқи_густариши_тиҷорат_бо_Эрон_аст
Сафири Қирғизистон дар Эрон бо таъкид бар густариши равобити тиҷории Бишкек ва Теҳрон гуфт: Маҷмаи иқтисодии Евразия алоқаманд ба густариши муровидоти тиҷорӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 30, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Сафири Қирғизистон: Евразия муштоқи густариши тиҷорат бо Эрон аст

Сафири Қирғизистон дар Эрон бо таъкид бар густариши равобити тиҷории Бишкек ва Теҳрон гуфт: Маҷмаи иқтисодии Евразия алоқаманд ба густариши муровидоти тиҷорӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Авазбек Абдурразоқов дар Нишасти ҳайъати намояндагони утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Хуросони Шимолӣ дар Буҷнурди Эрон изҳор дошт: Бо таваҷҷуҳ ба тавонмандӣ ва зарфияти болои ҷумҳурии исломии Эрон, ин муровидот метавонад дар ҳавзаҳои мухталиф барқарор шавад.

Маҷмаи иқтисодии Евразия бо узвияти чанд кишвари осиёӣ ва аврупоӣ шомили Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон фаъолият мекунад.