Ҳамлаи мушакии сипоҳи посдорон ба пойгоҳи саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38445-Ҳамлаи_мушакии_сипоҳи_посдорон_ба_пойгоҳи_саркардагони_ҷинояти_террористии_Аҳвоз
Дар посух ба ҷинояти террористии шанбеи гузашта дар шаҳри Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, қароргоҳи саркардагони ин ҷиноятро бо чанд мушак ҳадаф қарор дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 01, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии сипоҳи посдорон ба пойгоҳи саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз

Дар посух ба ҷинояти террористии шанбеи гузашта дар шаҳри Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, қароргоҳи саркардагони ин ҷиноятро бо чанд мушак ҳадаф қарор дод.

Ягони мушакии нерӯи ҳавофазои сипоҳ қароргоҳи саркардагони ҷинояти террористии Аҳвозро дар шарқи Фурот бо чанд фарванд мушаки баллистики замин ба замин ҳадаф қарор додааст.

Шумори зиёде аз террористҳои такфирӣ ва саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз дар ин ҳамлаи мушакӣ ба ҳалокат расида ва ё захмӣ шудаанд.

Террористҳо 22 сентябр дар ҳошияи баргузории ойини рижаи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломии Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ тирандозӣ карданд, ки бар асари ин ҳамла 24 тан шаҳид ва 60 нафар захмӣ шуданд.